Ҳадаф — пешгирии ҷинояткорӣ
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Мақсад аз доир намудани вохӯрии пайвастаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мактаббачагону донишҷӯён пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва воқиф намудани онҳо аз авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон буда, ба ин васила робитаи милитсия бо ҷомеа мустаҳкам мегардад.
10 март ёрдамчии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, подполковники милитсия Ҷӯрабек Давлатов ва нозири калони бахши Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонони ин шуъба Тоҷиддин Исоев ва гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» дар мактаби миёнаи №14-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.
Узви фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Аслиддин Хушвахтов хонандагонро ба илмомӯзӣ ва дуруст истифода бурдани вақт раҳнамун сохта, онҳоро ояндаи давлату миллат муаррифӣ намуд. Мавсуф аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонону наврасон ёдовар шуда, изҳори таассуф намуд, ки бо вуҷуди дастгириҳои пайваста ҳастанд нафароне, ки ба қадри обу хоки ин диёр нарасида, ба андешаҳои ботилу бепояи худ дода шуда, дар муноқишаҳои давлати Сурияву Ироқ ширкат намуда, номи худу аҳли оилаи худро доғдор месозанд.
Дар идома намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ аз вазъи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ бо иштироки ҷавонону наврасон сухан ронда, толибилмонро ба одоби накӯ ва рафтори намунавӣ даъват намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






