Ҷаласа оид ба ҷанбаҳои гендерӣ дар Ҷайҳун

Март 30, 2016 11:18

Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз аъзои зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти мақомоти милитсия дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии худро доир намуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мутобиқи барномаи «Бунёди механизмҳои таъсирбахши ҳамкорӣ дар сатҳи маҳал миёни мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти кумак ба ҳимояи зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар дар мавзӯи «Саҳм ва нақши ҳуҷраҳои корӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар самти ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти мақомоти милитсия» ибрози назар кард. «Масъалаҳои гендерӣ аз самтҳои афзалиятноки барномаи ислоҳоти милитсия ба ҳисоб рафта, дар раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд»,-афзуд Бобоназарзода Алӣ.
Зимни ҳамоиш мушовир оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат бар зидди савдои одамони САҲА Виорелия Русу вобаста ба натиҷаи фаъолият дар самти Модули таълими нозирони милитсия дар пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки мутахассисони маҳаллӣ ва байналмилалӣ мухтасар маълумот дод.
Бо дастгирии Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраҳои кории нозирон оид ба масъалаҳои гендерӣ кушода шудаанд, ки дар ин вазифаҳо кормандзанон бевосита бо занони аз зӯроварии оила хушунатдида кор бурда, дар ин самт аллакай ба натиҷаҳои дилхоҳ расидаанд. Бовару эътимоди мардум, хусусан зарардидагони хушунати оилавӣ ба мақомоти милитсия бештар мегардад ва дар самти ҳалли мушкилоти мардум тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Март 30, 2016 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст