Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск дар миёни ҷамъиятҳои дигари ФР беҳтарин аст

Март 15, 2016 17:27

Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Агар гузори касе ба минтақаи Сибир, аниқтараш ба шаҳри металлургҳо ва ангиштканҳо- Новокузнетск афтода бошад, ҳатман дар бораи ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр бо ифтихор ҳарф мезанад. Сарварии ҷамъияти тоҷикони ш. Новокузнетскро ҷавонмарди ватандӯсту хештаншинос Шавкатҷон Тоҳиров ба уҳда дошта, бо дастгирии аъзои фаъоли ҷамъият пайваста барои тарғиби фарҳангу оинҳои миллии тоҷикон ва номи миллату ватанамонро баланд бардоштан амалан корҳои судмандро ба анҷом мерасонад. Як нуктаро метавон ёдовар шуд, ки баробари ба шаҳри Новокузнетск расидан, моро ба беморхонаи ҷарроҳӣ, ки он ҷо ҷавоне аз минтақаи Хатлон бистарӣ буд, роҳнамоӣ карданд ва мо низ чун одати маъмулии тоҷикона ба дидорбинии ин ҷавон рафтем. Дар роҳрав бемороне, ки мардуми таҳҷоӣ буданд, дидан баробар фаҳмиданд, ки мо аз Тоҷикистонем, бо як эҳтироми хоса дар бораи ҳамватанони мо, дар бораи сарҷамъиву дар ҳолатҳои душвор дасти якдигарро гирифтани онҳо сухан мекарданд ва мегуфтанд, ки раҳмат ба модаре, ки чунин миллатро офаридааст. Ҳар рӯз чанднафарӣ ба аёдати ин ҷавон меоянд, ҳол он ки ӯро намешиносанд, танҳо медонанд, ки ҳамватанашон ҳасту аз Тоҷикистон мебошад. Наздикони мо дар ҳамин ҷо, вале ҳафтаҳо боз аз мо хабаре намегиранд.
Ростӣ дар мусофират вақте дар бораи ҳамватанат чунин суханони самимиву некро мешунавӣ, сарат ба осмон мерасад. Баъдан маълумамон шуд, ки дар ҷамъияти тоҷикони «Дӯстии тоҷикистониёну русҳо»-и шаҳри Новокузнетск чунин як анъанае мавҷуд аст, ки дар кадом беморхонае нафаре аз ҳамватанон бистарӣ гардад ва ё ба мушкилот дучор шавад, ҳатман бояд аъзои ҷамъият аз ин огаҳ бошанду дастгириаш кунанд. Шавкатҷон Тоҳиров дар якҷоягӣ бо Раҳмоналӣ Одинаев, Имомиддин Сониев, Амирҷон Тоҳиров, Маҳмадкарим Абдураҳимов, Дилшод Рамазонов ва даҳҳо нафар ҳамватанони ватандӯсту бонанг тавонистаанд ҷамъияти хеле машҳури тоҷиконро таъсис диҳанд. Як тарзи корбарӣ ва ташкили хуби кори ҷамъияти онҳо аз он иборат аст, ки барои осон шудани кор ва доимо огаҳ будан аз ҳоли якдигар шӯроҳои хурд дар назди намояндагии маҳалҳои ҷумҳуриамон, ки дар ш. Новокузнетск ва атрофи он дар самтҳои гуногун, хоҳ ронандаву хоҳ коргари корхонаи металлгудозӣ ва хоҳ соҳибкору хоҳ духтур фаъолият мекунанд, таъсис ёфтаанд ва раисони ин шӯроҳо мунтазам аз фаъолияти ҳаррӯзаи ҳамватанон роҳбарияти ҷамъиятро огаҳ месозанд. Чунин тарзи дурусти корбарӣ аст, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанонамон доимо ҳифз мешаванд.
«Яке аз воситаҳои асосие, ки дигар халқияту миллатҳо метавонанд моро ҳамчун миллату халқи тамаддунофар эътироф намоянд, ин, пеш аз ҳама, фарҳангу маънавиёти бои мо мебошад», -мегӯяд Шавкатҷон Тоҳиров. Мо доимо кӯшиш мекунем дар ҳама чорабиниҳои маъмули фарҳангиву сиёсии Кузбасс маҳз бо ҳама оинҳои миллииамон ширкат варзидаву худро муаррифӣ намоем. Сокинони Кузбасс дар симои ҳар яки мо миллати тамаддунофари тоҷикро мебинанд, барои ҳамин мо доимо тавассути меҳмоннавозии тоҷикона, тавассути баромадҳои рангини дастаи ҳунарии «Нур» бо роҳбарии Маҳмадкарим Абдураҳимов, тавассути ҷалби ҷавонон ба донишкадаҳои оливу касбии Кузбасс, намоиши либоси миллӣ ва ороиши дастурхони пурбаракати тоҷикона, бо пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ, аз қабили оши палову оши бурида, ҳалисаву кашк, нонҳои чаппотиву гирдача, самбӯсаҳои гуногун ва хуллас, ҳама чизҳои беҳтаринро пешкаши тамошобинони сершумор гардонем. Натиҷаи ҳамин талошҳои ҳамватанони бонангамон аст, ки мардуми Кузбасс ба фарҳанги қадимаву бои тоҷикон таваҷҷуҳи хосса доранд. Имсол барои ҳар як ҳамватане, ки дарки баланди хештаншиносӣ дорад, соли ҷашнҳову маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили 25-солагии ҷашни фархундаи Истиқлолияти кишварамон мебошад, ки ин моро вазифадор мекунад ҳарчи беҳтар омодагӣ бинем. Бояд гуфт, ки ин маъракаи муҳимро мо 6 сол аст, ки бо пешниҳоду ташаббуси Муҳаммадӣ Давлатов, ки солҳои зиёд ба ҳайси намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР фаъолият дошт, ҷашн мегирем.
Аснои суҳбат ба мо муовини сардори хонаи дӯстии халқҳои Кузбасс Екатерина Ефимовна гуфт, мо дар симои Шавкатҷон Тоҳиров, Раҳмоналӣ Одинаев ва дигарон беҳтарин нафаронеро мебинем, ки ба тақдири миллату ватанашон бетараф нестанд. Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск дар миёни даҳҳо ҷамъиятҳои дигар халқиятҳо беҳтарин аст, зеро дар ҳама чорабиниҳои мо сарбаландонаву фаъолона ширкат мекунанд. Пайваста талош бар он доранд, ки фарҳангу оинҳои миллиашонро беҳтар ба дигарон нишон диҳанд, пайваста бо донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон аз тариқи квотаҳои президентӣ дар донишгоҳҳои Кузбасс таҳсил мекунанд, вохӯриҳо гузаронида, дасти якдигарро гирифтан мақсади асосии онҳо мебошад. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки агар гӯем, мардуми тоҷик дорои беҳтарин хислатҳо ҳастанд, хато намекунем. Яъне ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик меҳру шафқат ба якдигар ҳаст ва ҳурмату эҳтироми калонсолон ва дурӣ ҷустан аз нӯшокиҳои спиртӣ- ин беҳтарин хислатҳое мебошанд,ки ному мавқеи мардуми тоҷикро дар миёни дигарон баланд мебардорад.
Шавкатҷон Тоҳиров ҳама пешравиҳои зиндагии худро дар дуои неки волидайнаш, ки онҳо низ умре барои Ватану ҷамъият дар Конибодом корҳои судмандро анҷом додаанд, мебинад. Ҳамсари меҳрубону бовафо ва чор фарзанди дустрӯву нектарбия зиндагии Шавкатҷонро чун рангҳои гулҳои баҳори Тоҷикистон зебоӣ мебахшанд. Шавкатҷон худ шукркунон мегӯяд, ки дар зиндагӣ шояд бисёр вақтҳо ба камбудиву хатогӣ роҳ дода бошаму пушаймон шуда бошам, вале фақат шукри Худовандро мекунам, ки ман маҳз бо дуои неки волидонам соҳиби чунин ҳамсари тоҷике, ки бароям беҳтарин ҳадяи Худованд аст, гардидаам. Имрӯз хонаву дар, зиндагӣ ва фарзандонамро маҳз ҳамсарам зебу фар мебахшад. Мо солҳои зиёдест, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, вале чӣ хеле худатон дидед, андешаҳои мо, одатҳои мо, хонаву дари мо тоҷикона аст, мегӯяд бо табассум Шавкатҷон Тоҳиров ва ман аз ин ифтихор дорам.
Мо низ ба ин ҷавонмарди асили ватандӯст барори кор хоста, итминони комил ба он дорем, ки боз ҳам беҳтар фаъолияташонро ба роҳ монда, бо ҳамроҳии аъзою фаъолони ҷамъият ва ҳамватанон ҷамъияти тоҷикони Новокузнетскро бо баргузорӣ дар сатҳи баланди ҳама гуна чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии ватанамон на фақат дар миқёси Кузбассу Сибир, балки дар миқёси ФР номвар гардонанд.

Садбарг Боқиева

Душанбе-Новосибирск-Новокузнетск

Март 15, 2016 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад