Ҳамоиши сухан, ҳамоиши муҳаббат
Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ “Ховар”). — Наврӯзи ҳумоюнфар ба диёри куҳанбунёди мо ҳамеша бо дастовезҳову хуҷастагиҳои тозаву рӯҳафзои худ меояд. Ҳамасола ӯ як ҷилои тозае осмонӣ, як сафои дилангезе рӯҳонӣ ба армуғон дорад. Саршор аз пайки тоза, нафаси тоза, паёмҳои тоза аст. Дар ин паёмҳои рӯҳафзо башоратҳои тозае ба халқи мо, ба башарият ҳадя меорад.
Наврӯз ҷашнест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аз тамоми садду марзҳое, ки пеши роҳашро мебастанд, аз тамоми хатарҳое, ки ба ҳастии ӯ таҳдид мекарданд, сарбаланду пирӯз гузаштааст. Дур намеравем, ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам, ки мамнӯъ эълон шуда буд, Наврӯзро хурофотиву ириҷоӣ эълон карда буданд, Наврӯз аз байн нарафт ва пояндаву пирӯз монд. Зеро Наврӯз пеш аз ҳама таҷассуми хирад аст. Дар он ҳама суннатҳои неку воло, фарҳангу фазилату адаб, донишу маърифат ва дигар хуҷастагиҳои миллати мо таҷассум ёфтаанд. Миллати мо тавонист ин хуҷастагиҳоро маҳфуз дорад ва ин хуҷастагиҳо миллати моро маҳфуз доштанд.
Наврӯзи хуҷастасиришти мо ба шарафи Истиқлолият эҳёи тоза ёфт. Хусусан, бо ташаббуси Пешвои ватандӯсту суннатпарасти мо, ки арҷгузории баланд ба оину суннатҳои дерини халқамон дорад, онҳоро дӯст медораду мепарастад, Наврӯз сол то сол бошукӯҳтар гардид, ба бузургтарин ҷашни милии мо табдил ёфт ва оқибат ҷаҳонӣ шуд.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи Аҷам низ бе сабаб нест, зеро дар Наврӯз тамоми ғояҳои баланди инсонӣ, оину суннатҳо, фазилату маърифат ва ҳадафҳои инсондӯстонаву башарии миллати мо таҷассум ёфтаанд, ки орзуву армони тамоми инсониятро баён намуда, ба ягонагиву дӯстиву ҳамзистии осоиштаи ҳамаи халқҳои рӯи олам раҳнамо ҳастанд.
Боз ҳам бо ташаббус ва сарварии Пешвои мо Наврӯзи имсола бо армуғонҳои шоистаи тозаи худ ҷилои нав дод. Ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки бо пешниҳоди адибон ва ташаббусу дастгирии Президенти кишварамон дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бунёд гардид , ба Наврӯзи мо ҳусну таровати хоса бахшид. Иштироки адибони ҳамзабони мо аз кишварҳои мухталифи дунё Наврӯзи моро ҳам шукӯҳ бахшид ва ҳам хотирмон сохт. Ин бе сабаб нест. Миллати куҳанбунёди тоҷик аз замонҳои қадим арҷгузории баланд ба сухан, ба шеър ва шоирон, ба аҳли фазлу ҳунар дорад. Миллати мо бо шеър нафас мекашад, бо шеър зиндагӣ мекунад. Шеър чароғи фазилат, чароғи маърифати ӯ дар тамоми ҷодаҳои ҳастиаш будааст.Чароғи шеър равони халқи моро ҳамеша равшан доштааст, хусусан, дар он замонҳои торики таърих. Аз ин рӯст, ки халқи мо ба каломи бадеъ, ба сухани воло арҷ мегузорад ва имсол ба шарафи ин Ҳамоиш Наврӯзи худро дар партави шеъру сухану фазилати ҳамзабонон бо шукӯҳу шаҳомат ва фараҳи боз ҳам бештар таҷлил дод.
Албатта, ин Ҳамоиш дар рӯзҳои хотирмони Наврӯз адибони форсигӯи кишварҳои мухталифро ба ҳам наздиктар сохт, робитаҳои адабиву инсонии байни онҳоро мустаҳкамтар кард ва барои рушди минбаъдаи ин робитаҳо заминаҳои тоза ниҳод.
Адибони ҳамзабони мо аз кишварҳои гуногуни дунё-аз Эрон, Афғонистон, Покистон, Чин, Туркия, Ҳолланд, Швед, Олмон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва ғайраву ғайраҳо ба чашми худ Наврӯзи тоҷикон, шукӯҳу шаҳомати он, суннатҳои волои башардӯстона, санъату ҳунари волои халқи моро дидаву мафтун шуданд ва ба он дил бастанд. Ба ғайр аз наврӯзиҳои пурҳашамате, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он ба вуқӯъ пайвастанд, меҳмонони Ҳамоиш дар наврӯзиҳои ноҳияҳои дурдаст ва деҳоти кишвари мо низ ширкат доштанд. Банда , ки бо гурӯҳе аз меҳмонон ба ноҳияҳои Айниву Панҷакент, ба диёри устод Рӯдакиву Туғрал сафар доштам, бо вуҷуди фарзанди ин водӣ буданам, дар баробари меҳмонон волаву мафтуни ин пазироиҳову ин таҷлилҳои Наврӯзи мардуми диёр будам. Ман, ки тифлиям дар деҳаи Панҷрӯд, зодгоҳи устод Рӯдакӣ гузаштааст, наврӯзиҳои ин диёрро аз тифлӣ дар ёд дорам, ба чашми худ дидам, ки чи гуна халқи ҳунарманди мо бо эҷодкориҳои даҳчанд бештар аз пешин ҷашни Наврӯзро барпо карданд ва воқеан эҳёи навини хуҷастаи Наврӯзи бостониро бо тамоми рангу бори суннатҳои волояш ҷилвагар сохтанд. Ин аст самараи Истиқлолият, шарофати Истиқлолият!
Ин Наврӯз, ин Ҳамоиш бори дигар бунёди неки миллати мо, ҳадафҳои неки Сарвари мо, Ҳукумати моро ба тамоми олам дар зеботарин тасвирҳо, дар ҷозибтарин саҳнаҳои ҳунармандонаву тасхиркунанда ба намоиш гузоштанд. Меҳмонони мо диданд, ки таълимоти ҷавонмардонаи гузаштагони мо : пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, муҳаббату самимият ва хайрхоҳиву зебоипарастиҳои аҷдодӣ то куҷо дар бунёди мардуми мо решаҳои қавӣ ва мондагор доранд. Онҳо диданд, ки ин миллати некусиришт бо ҳама ҷабру ҷафои таърих, бо ҳама даҳшатҳое, ки бар сараш омада буд, тавонистааст ин ҳама фазилат, ҳунару хуҷастагиҳои Наврӯз, ин ҳама неруи созандаву ҷонбахшои онро нигаҳ дорад.
Ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро мардуми тоҷик бо маҳбубият, бо тавҷҷуҳи хоса ба шеъру сухан, бо камоли завқу табъ пазироӣ намуданд. Тамоми толорҳое, ки дар онҳо чорбиниҳои Ҳамоиш, маҳфилҳои шеъру конференсияҳои илмиву адабӣ, ҷамъомади мастеркласҳо гузаронида шуданд, саршор аз ҳаводорон буданд ва чӣ хуб, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил менамуданд.
Пеш аз оғози расмии Ҳамоиши байналмиллилӣ, дар арафаи он маҳфилу базмҳои зиёди шеъри адибони маъруфи тоҷик дар бузургтарин толорҳои кишвар бунёд гардиданд, ки ҳазорон ҳазор ҳаводорони шеъру суханро ҷамъ оварданд ва дар аксари ин толорҳо ҷои холӣ набуд. Ин ҳама далели он буд, ки мадуми мо,ҷавонони мо арҷгузории баланд ба каломи бадеъ, ба шеъру адаб доранд ва имрӯз миллати куҳанбунёди мо ба асолати таърихии худ, ки шинохти хираду фарҳанг, шинохти моҳияту ҳадафҳои миллии хеш аст, бозмегардад ва мо метавонем ба ояндаи ҷавононамон некбин бошем.
Ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба поён расид, аммо дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва ҳамҷавориву ҳамкориҳои адибони ҳавзаи Наврӯз на ин ки ба охир нарасид, балки оғози тоза ёфт. Адибоне, ки дар ин Ҳамоиш иштирок доштанд, ман аминам, ки ҳамаи ин хуҷастагиҳо, фазилатҳо, зебоиҳо, накуиву хайрхоҳӣ, самимият ва муҳаб,атеро, ки диданд, бо худ мебаранд. Бале, онҳо Наврӯзи моро бо худ хоҳанд бурд, Наврӯзеро, ки ҳамеша дар дилу дар хотири онҳо чунин шукуфону гулафшон хоҳад монд ва онҳоро ба ягонагиву дӯстиву бародарии мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва ҷаҳон хоҳад раҳнамоӣ кард.
Дар навбати худ он рӯшании сухан, самимияти гуфтор, муҳаббати саршореро, ки адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шеъри худ, бо каломи худ, бо ҳузури худ ба мо армуғон оварданд, ҷои шубҳае нест, ки бо мо хоҳад монд ва дар партави ин рӯшноии сухану ҳунар мо онҳоро ҳамеша ба некӣ ёд хоҳем кард. Аз ин рӯ гумон мекунам, ки Ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба ҳадафҳои баланди созандаву башардӯстонаи худ расид. Ва заминаҳои наверо барои таҳкими риштаҳои дӯстии халқҳо ва адабиётҳо гузошт. Воқеан дили мо пур аз он шуд, ки то Наврӯз ҳаст, миллати мо зинда аст, миллати хуҷастаниҳоду некбунёди мо пирӯзу сарбаланд аст!
Наврӯзи фаррухниҳоди имсола боз бо як зуҳуроти навину хуҷастаи худ ҳама ҷаҳониёнро тасхир сохт. Ин падидаи наву зебову хотирмон корвони наврӯзие буд, ки мардуми шарифи вилояти Суғд ва шаҳри бостонии Хуҷанд ба намоиш гузоштанд. Ин падидаи нави наврӯзӣ, мо аминем, ки солҳои оянда аз Хуҷанди бостон ба пойтахти Ватанамон Душанбеи азиз раҳсипор мегардад ва тадриҷан низ корвони ҷаҳонӣ мешавад. Мо медонем, ки карнавалҳои кишварҳои Амрикои Лотин бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҷилои санъату ҳунари зебои худ оламиёнро тасхир кардаанд. Аммо ҳеҷ ҷои шубҳа дар он нест, ки корвони наврӯзии мо низ дар олам машҳур мешавад ва ному ҳунару санъати халқи моро машҳури олам месозад. Ин беҳтарин пешниҳоди башардӯстона, беҳтарин иқдомест, ки халқҳои оламро даъват мекунад ва вомедорад, ки силоҳро ба канор гузоранд, кинаву кудуратро аз дил бароранд, оламро на бо ҷангу ҷидолу хунрезӣ, балки бо ҳунар, бо дӯстиву муҳаббат тасхир кунанд. Зеро:
Наврӯз падидаи Илоҳист,
Пирӯзии нур бар сиёҳист,
Эҳёи дубораи ҷаҳон аст,
Наврӯз – раҳоист, раҳоист!
Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон























Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон






