Асп бо лақаби «Варс» ба соҳибаш шоҳҷоиза овард

Март 24, 2016 08:46

Душанбе, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Аспи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати мобилии «Вавилон», дар пойгаҳи аспдавонӣ, ки 23 март, дар шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт”, ба муносибати Иди байналмилалии «Наврӯз” баргузор шуд, соҳиби шоҳҷоиза гардид.
Аспи ӯ бо лақаби «Варс» дар ин пойгаҳ ҷои аввалро гирифт. Масофаи умумии пойгаҳи ниҳоӣ 2200 метр ва шоҳҷоиза аспи сафеди зоти тоҷикӣ буд.
Ғолиби пойгаҳ аспи «Варс”, мутааллиқ ба Беҳзод Файзуллоев, 9 сол дошта, бори дувум аст, ки дар пойгаҳи аспдавонӣ пирӯз ва соҳиби шоҳҷоиза мешавад. Ин асп дар пойгаҳи соли 2013 низ барои соҳибаш шоҳҷоиза оварда буд.
Ин пойгаҳмиёни 80 асп аз Душанбе ва ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Файзобод, Нуробод, Рӯдакӣ, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра баргузор гардид.
Ҳамчунин бар пояи қазовати доварони пойгаҳ, аспи лақабаш «Рахш”, марбут ба Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон, дар ин пойгаҳ ҷойи дуюмро гирифт.
Баргузории пойгаҳи аспдавонӣ дар «Наврӯзгоҳ” дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар ҳамин майдон мусобиқаи гуштии наврӯзӣ барпо гардид, ки шоҳҷоизаи ин мусобиқаро Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳарифаш Неъматулло Асронқуловро аз ноҳияи Рӯдакӣ дар муддати 15 сония мағлуб карда ва шоҳҷоиза – мошини сабукрави тамғаи «Хундай»-ро азони худ намуд.
Ин 23-юмин мошини сабукрав аст, ки паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барои ғолибияташ дар мусобиқаҳои гуштӣ дар кишвар ба даст меорад.
Ба ин тартиб, имрӯз савумин рӯзи таҷлили расмии иди Наврӯз дар Тоҷикистон аст. 24 март ба ҳайси рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шудааст.

Март 24, 2016 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд