Б. Ғафуров: Моҳи март «Моҳи аёдат ва дидорбинӣ»

Март 3, 2016 09:53

Б.Ғафуров, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи март «Моҳи аёдат ва дидорбинӣ» эълон гардид.
Масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ноҳия ҳамроҳ бо аҳли ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов барои амалисозии ин иқдом 1-уми март аз хона-интернати Деҳмой, воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуда, ниёзмандонро аёдат намуданд.
Ҳамчунин барои болидахотир гаштани маъюбони хона-интернати мазкур бахшида ба фарорасии фасли баҳор, Наврӯзи байналмилалӣ ва ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста, хотири маъюбонро болида гардониданд.

Март 3, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»