JICA ба Тоҷикистон 17,5 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд
Душанбе, 03.02.206 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат аз тарафи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада Ёддошти тафоҳум оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур, ҷониби Ҷопон тавассути Оҷонсии ҳамкории байналмилали Ҷопон — JICA, ба Тоҷикистон 17,5 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд. Бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур корхонаи асфалтбарорӣ бунёд гардида, таҷҳизоти муосир барои нигоҳдории роҳҳо ва мошини истеҳсоли асфалт пешниҳод мешавад.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон татбиқ гардида, таҷҳизот ба ихтиёри корхонаҳои нақлиётӣ, ки дар маҷмӯъ дар ҳудуди 500 км роҳҳо хизмат мерасонанд ва бо кишварҳои ҳамсоя алоқаманд ҳастанд, вогузор мешавад.
Роҳҳои мошингарди мамлакат дар воридоти ашёи байналмилалӣ ва додугирифти дохилӣ нақши муҳим мебозанд. Вале номусоид будани вазъи роҳҳо, ки аз кифоя набудани корҳои таъмирӣ ва таҷҳизоти хизматрасонӣ бармеоянд, барои воридоту содирот ба минтақаҳои кишвар монеа мегузоранд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 ба Ҳукумати Ҷопон бо дархост оид ба кумаки бебозгашт барои дастрас намудани таҷҳизоти тармими роҳ, тоза кардани барф ва таъмири зиён аз офатҳои табиӣ ва мошини асфалтсозӣ муроҷиат намуда буд. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки ин дархостро иҷро намуда, дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи беҳтар кумаки хешро идома диҳад.
Хотиррасон бояд шуд, ки ҳамкорӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбад. Аз ҷумла дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ, Ҷопон аз соли 1996 то ба имрӯз ба маблағи 23,5 миллиард йенаи Ҷопон — баробар ба 200 миллион доллари ИМА кумакҳои бебозгашт намудааст. Бештари ин кумакҳо ба бахши таҳияи зерсохтор ва рушди деҳот равона шудаанд. Имзо шудани лоиҳаи “Беҳтар намудани таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон” идомаи кумакҳои расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






