БМТ: Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи иҷрои талаботи “Барномаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони масъули бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои амонатии қарзии хурди кишвар семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, мақсад аз баргузории семинарро вусъат бахшидан ба рушди низоми бонкии кишвар ва эмин нигоҳ доштани он аз хавфҳои эҳтимолӣ арзёбӣ намуд.
Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки гоҳо аз ҷониби бархе аз иштирокчиёни низоми бонкии мамлакат дастурамал ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкии ҷумҳурӣ нодуруст ва ё ба пуррагӣ риоя намешаванд, ки ин амал боиси пайдо шудани ҳар гуна нофаҳмиҳо миёни истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ гашта, дар навбати худ ба низоми бонкӣ хавфҳои репутатсионӣ пеш меорад.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ, аз ҷумла масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм, танзими асъор, амалиётҳои асъорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ бо маърӯзаҳо ва шарҳу эзоҳҳо баромад намуданд.
Намояндагони шуъбаҳои дахлдори бонкҳо, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, оид ба тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳояшон суханронӣ карда, дар рафти мубодилаи афкор фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки ин машғулияти омӯзишӣ барои пешбурди фаъолияти низоми бонкии мамлакат, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи дастурамалу санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






