Бо тариқи зӯроварӣ тасарруф намудани 65 ҳазор сомонӣ
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ Ховар).- Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш зани 58-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 16 марти соли равон тахминан соати 00:30 4 шахси номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди ҳуҷраи хобаш шуда, бо истифода аз корд ва чӯби бо худ овардаашон ба тарафи ӯ ва духтараш, зани 32-сола, ҳуҷум намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дохили сумкаи занона 65 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 25-сола, яке сокини ноҳия Вахш, дуюмӣ сокини ноҳияи Дӯстӣ ва сокини 23-солаи шаҳри Қурғонтеппа бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир шуданд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид






