Боздиди гузоришгари махсуси СММ аз Парлумони Тоҷикистон
Душанбе, 4.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Девид Кей -гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба татбиқ, ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён имрӯз аз Парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо Акрамшо Фелалиев -муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мулоқот намуд.
Акрамшо Фелалиев иброз намуд, ки тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти Тоҷикистон дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта буда, ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шудааст.
А. Фелалиев ба гузоришгари махсуси СММ доир ба вазъи матбуот ва озодии сухан дар Тоҷикистон иттилоъ дода афзуд, ки ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».
Мавсуф инчунин иброз дошт, ки ҳамасола матбуотчиёни тоҷик рӯзи 11 мартро ҳамчун иди касбиашон ҷашн мегиранд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки рӯзноманигорон бояд аз амалияи ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти мақомоти тафтишотӣ, мурофиаи судӣ ва монанди онҳо, ки баъзан мушоҳида мегардад, худдорӣ намоянд ва дар риояи муқаррароти қонунгузории мамлакат намуна бошанд. Зикр шуд, ки дар арафаи иди касбии матбуот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори оммаро ифтитоҳ намуд. Ин далели он аст, ки озодии сухан ба омили устувори сиёсати давлат табдил ёфтааст,- гуфт дар анҷоми мулоқот Акрамшо Фелалиев.
Девид Кей, гузоришгари махсуси СММ иброз дошт, ки хушнуд аз онам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони касбии мамлакат ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён дар Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Ҳамчунин дар ҷараёни босуръати пешрафти техникаи муосири иттилоотӣ Тоҷикистон ба рушду такомули ВАО ва шабакаҳои техникии иттилоотию телекоммуникатсионии миллии худ ғамхорӣ зоҳир намуда, робитаи Ҳукумати кишвар бо ВАО қавитар гардидааст.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.








Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо ҳамраиси Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» оғоз гардид






