Бозии “Истиқлол” беҳбудӣ мехоҳад
Душанбе, 16.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз чемпиони мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии севуми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо клуби футболи “Нафт Алвасат”-и Ироқ рақобат кард. Дар варзишгоҳи Пос “Нафт Алвасат” тавре бозӣ кард, ки Истиқлол онро интизор набуд. Бисёр лаҳзаҳои голзаниро соҳибони майдон истифода бурда натавонистанд. Дар поёни нимаи аввал легионери украинии “Истиқлол” Петро Ковалчук ба Ҷосим Муҳаммад барои тӯбро вориди дарвоза кардан халал расонида натавонист ва ҳисоб кушода шуд. Дарвозабони истиқлолиҳо Никола Стошич, ки дар ин рӯз зодрӯз дошт, “Истиқлол”-ро аз лаҳзаҳои фаровону боронии голзанӣ раҳо кард ва дар нимаи дуввум бо кумаки Мардек Мардикиён соҳибони майдон бори дигар ба задани гол мушарраф шуданд. Ин бохт мавқеи ноустувори “Истиқлол”-и Душанберо барои ба марҳилаи минбаъда роҳхат гирифтан боз ҳам душвортар гардонид.
Баъди ҳайати худро дар мавсими соли 2016 тағйир додани “Истиқлол” набудани бозингари соҳибтаҷрибаи даста Хуршед Маҳмудов баръало ба чашм мерасад. Умед аст, ки “Истиқлол”дар бозиҳои минбаъда мавқеи худро дар ҷадвали гурӯҳи “Б” беҳтар хоҳад кард.
Дар ин рӯз “Тараблус”-и Лубнон дар майдонаш бо “Алфайсалӣ”-и Урдун рақобат карда, вохӯриро бо натиҷаи 1 бар 1 мусовӣ ҷамъбаст кард.
Б Ғ М Б Т/Т Х
1«Нафт Алвасат» (Ироқ) 3 2 0 1 4-2 6
2«Алфайсалӣ» (Урдун) 3 1 2 0 3-2 5
3«Тараблус» (Лубнон) 3 1 1 1 3-3 4
4«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) 3 0 1 2 1-4 1








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






