Дарвоз: Хишти аввали толори гӯштин гузошта шуд
Дарвоз, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи Ёгеди ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бо ҳузури намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони ҷамоат таҳкурсии толори муосири гӯштин гузошта шуд. Муовини аввали раиси ноҳия Умед Носиров гуфт, ки паҳлавонони ин деҳа ҳамеша дар сабқатҳои ноҳиявӣ ҳузури фаъол доранд ва берун аз кишвар низ борҳо шарафи варзишии кишвари моро ҳифз намудаанд. Аммо то ба ҳол дар боғу қумзори лаби дарё тамрин менамуданд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ имрӯз ба бунёди ин толори гӯштин оғоз карданд.
Сохтмони толорро ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Болдинг компания» бар уҳда гирифт. Роҳбари ҷамъияти мазкур гуфт, ки кӯшиш мекунанд биноро то 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.