Дарёфти маводи нашъадор
Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ “Ховар”).-10 март ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокинони 27 ва 28- солаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаашон маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазнаш 932 грамм дарёфт ва мусодира шуд.
11 марти соли равон ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия сокини 29- солаи ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазни умумиаш 753 грамм дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ вазни дарёфтшудаи маводи нашъадор 1 килою 686 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






