Дастгир гардидани гурӯҳи ҷинояткорони мошиндузд

Март 16, 2016 13:41

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Чанд муддат аз ҷониби шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба рабудани воситаҳои нақлиёт муроҷиатҳо ворид гардида, пас аз гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян намуданд, ки дар паси ин силсиламошиндуздиҳо гурӯҳи ҷинояткорон иборат аз 5 нафари асосӣ меистанд. Ин гурӯҳ дар соли 2015 ва моҳҳои январ — марти соли 2016 мошинҳои якчанд сокини шаҳри Душанбе ва атрофи онро рабуда, бо ҳамин роҳ ба худ роҳи пулкоркунӣ ёфтаанд. Аммо ин шикори онҳо дер давом накард.
14 марти соли равон кормандони фаврии мақомоти корҳои дохилӣ бо гумони рабудани воситаҳои нақлиётӣ ду бародари 25-сола ва як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, инчунин ду сокини 25 ва 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.

Чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян намуданд, ки гумонбаршудагон дар рабуда шудани мошини сокини 35-солаи ш. Душанбе, тамғаи “ВАЗ-21014”, ки шаби 9 ба 10-уми марти соли равон дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, даст доранд.
Ҳамин тариқ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша 1 январи соли 2016 мошини шахсии тамғаи “Опел-Астра”-и сокини 28-солаи кӯчаи Фирдавсии ш.Душанбе, шаби 22 ба 23 феврали соли 2015 мошини тамғаи “Чанху”-и сокини 23-солаи ноҳияи Ҳисор, шаби 20 феврали соли 2015 мошини тамғаи “Опел-Астра”-и сокини ноҳияи Ҳисорро рабудаанд. Зарари ба ҷабрдидагон расонида беш аз 70000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳоло оид ба ин ҳодисаҳо тафтиш идома дошта, даст доштани гурӯҳи мазкур ба дигар ҷиноятҳо ва иштирокдорони дигари он муайян карда мешаванд.

Март 16, 2016 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад