Дидорбинӣ бо сарбозон
Ҳисор, 02.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Як гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини раиси ноҳияи Ҳисор Умеда Абдуллоева озими вилояти Суғд гардиданд. Дар гурӯҳи корӣ раисони ҷамоатҳо, падару модарон ва дигар шахсони масъул шомиланд.
Ҳадафи асосии гурӯҳи корӣ боздид аз қисмҳои ҳарбӣ, ошно гардидан бо шароити хизмат ва дидорбинӣ бо сарбозону афсарони ҳисорӣ, ки дар қисмҳои ҳарбии вилояти Суғд хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд ба иҷро мерасонанд, мебошад. Сафари гурӯҳи корӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ мусоидат менамояд.