Нуриддин Давронов: Мақсади “Истиқлол”- ғалаба дар Лубнон
Душанбе, 2.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Капитани клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин Давронов дар суҳбат бо хабарнигори “Ховар” изҳор кард, ки дар вохӯрии даври дуввуми Ҷоми КФО бо клуби “Триполӣ”-и Лубнон танҳо мақсади ғалаба дар назди даста гузошта шудааст ва бозингарон ҳамагӣ барои амалӣ шудани ин мақсад омодаанд.
“-Дар бозии гузашта бо “Алфайсалӣ”-и Урдун дар назди мухлисон мо натавонистем, ки ба пирӯзӣ комёб шавем, ду холи гаронбаҳо аз даст рафт, меҳмонон ҳам имконияти хуби кушодани ҳисобро доштанд. Акнун рӯзи 5 март ба Лубнон сафар карда, сабти бозиҳои “Триполӣ”-ро меомӯзем ва вориди рақобат мешавем”.
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи “Б” дастаи “Истиқлол” бозии аввалинашро дар радифи бозиҳои Ҷоми КФО дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо тими “Алфайсалӣ”-и Урдун бо натиҷаи 0 бар 0 мусовӣ анҷом дод. “Триполӣ” дар сафар дар дақиқаи аввали вақти иловагӣ аз “Нафт Алвасат”-и Ироқ гол хӯрда, бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






