Душанбе-мизбони роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ

Март 15, 2016 17:18

Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ду рӯз боз Тоҷикистон мизбони иштирокдорони ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Пагоҳ, 16 марти соли равон роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ аз ҷойҳои тамошобоби Душанбе ва атрофи он боздид ба амал оварда, инчунин дар Осорхонаи миллӣ бо донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар вохӯрӣ баргузор менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ 3 ноябри соли 1995 бо Созишномаи ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади мусоидат ба рушди ҳамкории иттилоотӣ созмон дода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии агентиҳои иттилоотии давлатии аъзои Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ маълумот додан ба аҳолӣ оид ба равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳод мебошад. Шӯрои агентиҳои итилоотии давлатии ИДМ ба масъалаи ҳамкорӣ барои аз худ намудани технологияҳои муосири ВАО ва истифодаи васеи он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ бори охир дар шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2011 доир гардида буд. Он ба масъалаи таҷлили 20-солагии ИДМ ва дигар чорабиниҳои ҷашнии соли 2011, аз ҷумла иқдоми Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ ба ифтихори таҷлили Соли мероси фарҳангӣ дар ИДМ бахшида шуда буд.

Март 15, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд