Файзобод: толори варзишӣ ва бунгоҳи саломатӣ-туҳфаи ҷашнӣ
Файзобод, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба иди Наврӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод толори варзишӣ ва бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуданд. Иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Дар назар аст то рӯзи ҷашни Наврӯз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 9 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои коркарди маҳсулоти шир ва бинои маъмурӣ дар деҳаи Мискинобод, бунгоҳи тиббӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва 12 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 3-и ноҳияро ба истифода диҳанд.