Гулу ниҳолшинонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк»
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -21 марти соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод намуд, ки минбаъд ҳамасола дар кишвар 22 март Рӯзи гӯштингирон, 23 март Рӯзи аспдавонон ва 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.
Ин пешниҳоди Пешвои миллат аз ҷониби иштирокдорони тантанаҳои наврӯзӣ ва аҳли ҷамъият бо истиқболи гарм ҷонибдорӣ гардид.
Барои дар амал татбиқ намудани ин иқдом 24 марти соли равон тамоми кормандони раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва ташкилоту муассисаҳои зерсохтори он дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳашари умумӣ баромаданд. Раиси бонк Руҳулло Ҳакимзода дар назди бинои марказӣ ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда, шахсан дар ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии муҳити зист фаъолона иштирок кард.
Ба иттилои маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк», кормандони бонк дар шаҳри Душанбе назди биноҳо, боғчаҳо ва атрофи марказҳои хизматрасониро ободу зебо намуда, ниҳолҳои сояфкану гулҳои зебо шинониданд. Кулли кормандони ин ниҳод дар ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист, дар маъракаи муҳими ниҳолшинонию сабзазоркунӣ ва вусъати корҳои ободонӣ фаъол буданд.
Ниҳолшинонию боғдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни меваю сабзавот аз оинҳои бостонӣ ва пурифтихори ниёгони ориёии мост, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста мавриди арҷгузорӣ, пайравӣ ва тарғибу ташвиқи васеъ қарор мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






