Хуҷанд: ташкили 100 деги суманаки наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳр

Март 18, 2016 08:37

Хучанд, 18.03.2016. (АМИТ “Ховар”).- Дар маркази Суғд омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ идома доранд. Кӯчаву хиёбонҳо бо навиштаҷоти наврӯзӣ оро дода шуда, ҳамчунин лолаҳо шукуфта, ба шаҳр ҳусни тоза мебахшанд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи ташкилии мақомоти маҳаллии шаҳрӣ иттилоъ доданд, тибқи чорабиниҳои наврӯзии мақомоти давлатии шаҳри Хуҷанд омодагиҳо барои таҷлили Иди Наврӯз дар маҳаллаҳои шаҳр ҷараён доранд. То имрӯз аз шумораи умумии маҳаллаҳо дар чор маҳалла чорабиниҳои наврӯзӣ доир гардидаанд.
Ҳамчунин вобаста ба дастури шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар рӯзҳои таҷлили иди аҷдодӣ ғайр аз ташкили шеъру сурудхонӣ дар васфи Наврӯзи аҷам, намоиши корҳои дастии чеварону дӯзандагон ва бозиҳои миллӣ, инчунин дар 22 маҳаллаи шаҳр 100 деги суманак гузошта мешавад.

Март 18, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад