Иҷрои нақшаи пурраи андоз дар Исфара
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Давоми ду моҳи аввали соли 2016 нақшаи иҷрои андоз дар шаҳри Исфара беш аз 100 фоиз таъмин гардида, он нисбат ба нишондоди соли гузашта наздик ниммиллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора муовини раиси шаҳр Муртазо Олимов зимни баргузории маҷлиси фаъолони шаҳр иттилоъ дод. Дар маҷлис раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар партави дастуру ҳидоятҳо ва натиҷабардорӣ аз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мууҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолон вазифаҳо гузошт.