Ингрид Терсман: Эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ барои фаъолияти соҳибкории озод муҳим мебошад
Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Мубориза бар зидди экстремизм набояд ба иқдому ибтикороти кишварҳо барои эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои демократӣ халал ворид созад. Мо бо эҳтироми муштарак ба ҳамаи ин арзишҳо бояд ҳамкорӣ ва инчунин ҳамкории байнитамаддунӣ ва байнифарҳангиро ба роҳ монем. Барои расидан ба ин ҳадафҳо бобати инкишоф ва густариши бештари ҳамкории дуҷониба байни ҳарду кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳам дод»,-чунин иброз намуд Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Шветсия Ингрид Терсман баъди супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон.
Ингрид Терсман зикр кард, ки Шоҳигарии Шветсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ агар дар масоҳати хеле дур аз ҳамдигар воқеъ ҳастанд, вале дар ҷаҳони муосири имрӯз масоҳат нақши муҳиме надорад, зеро имрӯз тамоми кишварҳои мо ба чолишу таҳдидҳои ҳамсон ва муштарак мувоҷеҳ мебошанд. Зимни суҳбати муфид бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати он таҳдидҳо ва мушкилот бори дигар таъкид гардид, ки дарвоқеъ мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, буҳрони шадиди иқтисодӣ, инчунин таҳдидҳо ва зуҳуроти ифротгароӣ ва ё экстремизм имрӯз аз якояки мо ҳамкории густурда ва муфидро, чӣ дар мабнои ҳамкории минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ тақозо мекунад.
Ба гуфтаи сафири тозаинтихоб кишварҳои хурд, ба мисли Шветсия, ки аҳолии он наздики 9 миллионро ташкил медиҳад, дар алоҳидагӣ ё дар танҳоӣ ба ҳадафҳои наҷиби худ ноил гашта наметавонанд. Аз ин лиҳоз Шветсия бо ҳамтоёни худ дар Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва СММ ҳамкорӣ ва иртиботи судманду муфидро истиқрор намуда, барои беҳтар ва тақвият бахшидани иқтидори худ дар истодагарӣ бар зидди таҳдидҳо ҳамкории хуб роҳандозӣ намудааст. Барои рафъи мушкилоте, ки аз зуҳуроти тағйирёбии иқлим бармеоянд, ҳалли чунин мушкилот барои кишварҳо рушд ва инкишофи энергия аз манбаъҳои таҷдидшаванда хеле муҳим мебошад. Дар ин росто Шоҳигарии Шветсия ва Тоҷикистон ҳамсон ҳастанд. Замоне, ки кишварҳо ба мушкилоти буҳронҳои шадид ва зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаанд, шароити ҷаҳонишавӣ барои бунёд ва ё эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ бо фароҳам овардани имконияти фаъолияти соҳибкории озод ва шаффоф барои ҳамаи кишварҳо муҳим мебошад.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






