Изҳороти Вазорати мудофиа ба мақолаи «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хостанд»
Душанбе, 27.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мақолаи шикоятии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов, ки онро радиои «Озодӣ» дар сомонаи худ таҳти унвони «Наздикони Меҳровар аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хостанд» нашр кардааст, изҳор медорад: «Дар асоси маълумотномаи Беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва роҳхати командири қисми ҳарбии 08010 аз санаи 17 марти соли 2016 бинобар сабаби бемории асаб дар шуъбаи бемориҳои асаб ва рўҳӣ бо ташхиси пешакӣ ва дар натиҷа баъди ташхис маълум гардид, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов бо бемориҳои нейроинфексияи гузаронидашуда (гулафшон) бо аломатҳои астеникӣ, бо мақсади муоина, бистарӣ карда шуд. Инчунин ҳангоми муоина маълум карда шуд, ки дар бадани сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов нишонаҳои лату кӯб, ҷароҳати бурида, хуномусии баъди латхурӣ ёфт нашуд. Инчунин муоинаи томографияи магнитию резонансӣ дар санаи 21 марти соли 2016 гузаронида шудааст, ки хулосааш чунин аст: бе тағйироти потологӣ».
Мавриди зикр аст, ки сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов ҳақиқатан 14 ноябри соли 2015 тариқи гирифтани даъватнома аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Рўдакӣ бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.
Дар идомаи изҳороти Вазорати мудофиа омадааст, ки М. Мақсудов сараввал хизмати худро дар қисми ҳарбии 02011-и Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа оғоз намуда, сипас барои омода намудани мутахассисони мошини зиреҳпўши ҷангӣ ба маркази таълимии қисми ҳарбии 08010-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа сафарбар карда шудааст.
Дар мақола наздикони Меҳровар Мақсудов аз вазъи сарбоз чунин изҳори нигаронӣ кардаанд: «Меҳровар ҳоло дар вазъияти хеле бад қарор дорад. Мо сабти овози ўро дорем, ки мегўяд 10 нафар ҳамхизматонаш ўро лату кӯб кардаанд. Дар ҳоле, ки даст ба чунин кор задаанд, бигзор иқрор шаванд. Ё ҳадди ақал Меҳроварро ба мо бидиҳанд, ки худамон муолиҷа кунем».
Бино ба изҳороти Вазорати мудофиа, сарбози қаторӣ бо сабаби рафторҳои намоишкорона доштан, дар шуъба ва ба атрофиён хатарнок буданаш, барои муайян намудани ҳолати рўҳӣ ва гузаронидани экспертизияи психиатрӣ санаи 22 марти соли 2016 ўро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рўҳӣ равона намудаанд ва айни ҳол дар онҷо қарор дорад.
Мактуби шикоятии модари сарбози қаторӣ Меҳровар Мақсудов ба унвонии Сарпрокуратураи ҳарбӣ мавриди баррсӣ ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода шуда, баъди санҷиш қарори қонунӣ қабул карда мешавад.








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






