КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоед!

Март 30, 2016 11:10

Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки аз 31 март то 2 апрели соли 2016 вазъи ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, боришоти борон, раъду барқ, боридани жола, омадани сел дар доманакўҳҳо, фаромадани тарма, сангрезӣ ва ярч дар назар аст.
Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мешавад, ки дар ин давра аз рўи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Март 30, 2016 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст