Корхонаи санги мармар аз нав ба кор даромад

Март 30, 2016 08:49

Ванҷ, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Корхонаи истихроҷи санги мармари мавзеи Даштак ба фаъолият оғоз кард. Масъалаи ба кор андохтани ин конро Сарвари давлат соли гузашта ҳангоми сафари корияш ба ноҳияи мазкур дар миён гузошт ва ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хрустал» дастур дод, ки дар зудтарин фурсат корхонаи коркарди санги мармарро фаъол намоянд. Дар заминаи ин кон боз як ҷамъияти дигар бо номи «Мармар стоун» ба фаъолият шурӯъ кард, ки аз пасмондаҳои санги мармар маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи як тан аз мутахассисони ин ҷамъият Марат Абдуллоев бо супориши бевоситаи Президенти кишвар барои соҳибкороне, ки ба тавлидоти маҳсулоти ватанӣ машғул мешаванд, имтиёз муқаррар карда шуд. Бо истифода аз ин имконот мо таҷҳизоту технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба корхона ворид кардем. Бо кумаки мутахассисони чинӣ ин таҷҳизот васл шуданд ва 10 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо тарзи истифодаи он шинос шуданд. Дар замони шӯравӣ низ дар назди кони мармар корхонае вуҷуд дошт, ки танҳо як намуди маҳсулот, яъне тахтасангро истеҳсол мекарду онро ба шаҳри Маскав барои ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ интиқол медод. Аммо ҳоло аз пасмондаҳои санги сафед бештар аз 5 намуди маҳсулот дар ин корхона тавлид мешавад, ки дар бинокорӣ аз он зиёд истифода мекунанд. Ба маҳсулоти мо соҳибкорон аз минтақаҳои Суғду Хатлон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ ба ояндаи бобарори корхона умеди калон дорем,-мегӯяд Марат Абдуллоев
Ҳоло аз ин кон дар як моҳ то 50 метри кубӣ санги мармарро истихроҷ ва коркард мекунанд. То фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, тасмим доранд истихроҷи сангро то 100 метри кубӣ расонанд.

Март 30, 2016 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст