Кувайт: Ҷашни наврӯзӣ бо иштироки намояндаҳои аксар давлатҳои дунё
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Гурӯҳи фарҳангиёни Тоҷикистон имшаб барномаи фарҳангии худро дар театри ба номи Абдулҳусайн Абдурризои давлати Кувайт бо маҳорати баланди касбӣ барпо намуданд. Дар барномаи мазкур беш аз панҷсад меҳмон иборат аз намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ ва сафоратҳои муқими ин кишвар, аҳли фарҳанг ва дӯстдорони санъати волои тоҷикона иштирок намуданд. Ба театри мазкур суманак ва матоъҳои дорои рамзи суннатии тоҷикона зиннати дигар мебахшид. Созмондиҳии барнома хуб ба роҳ монда шуда буд.
Аз садои кафкӯбиҳо маълум мешуд, ки ба тамошобинон барномаи ҳунарии тоҷикон хуб писанд омадааст. Яке аз ҷолибтарин лаҳзаҳои ин барнома он буд, ки ҳангоми пианино навохтани ҳунарманди хурдсоли тоҷик Ҷаннат Ҳусайнзода якбора кафкӯбиҳои онҳо авҷ мегирифт. Ҳамзамон пас аз сурудани суруди арабӣ аз ҷониби ҳунарманди шинохта Афзалшо Шодиев толори театро мавҷи баланди кафкӯбиҳои тамошобинон фаро гирифт. Дар ин барномаи консертӣ саҳми ансамбли созҳои миллӣ, ки иборат аз дафу рубобу ғижжак, най, карнай ва арғунун буд, кам набуд.
Барномаҳои дигари фарҳангии тоҷикон дар Кувайт идома доранд.




















Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






