Машқи тактикӣ-оташнишонӣ дар ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ

Март 16, 2016 13:40

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Тибқи нақшаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ 16-уми марти соли равон, соати 09:50 дар ШВКД ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби чор нақлиёти оташнишонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, шабакаҳои барқӣ ва кормандони милитсия бо истифода аз шашкаҳои дудкунанда гузаронида шуд.
Мувофиқи нақша гӯё дар яке аз утоқҳои кории ошёнаи сеюми бинои ШВКД сӯхтор сар зада, дуди ғализи он бо шиддат ба дигар утоқҳои корӣ паҳн мегашт.
Оташнишонон дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия ва дигар ниҳодҳои дахлдор сӯхтори шартиро дар масоҳати ҳашт метри мураббаъ бе паҳншавӣ дар соати 10:32 пурра хомӯш намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти СХДО ба иштирокдорони фаъол минатдорӣ баён шуд.

Март 16, 2016 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад