Матбуоти тоҷик 104-сола шуд

Март 11, 2016 11:56

Душанбе, 11.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз матбуотчиёни тоҷик иди касбии худ -Рӯзи матбуотро таҷлил менамоянд. Мавриди зикр аст, ки 104 сол муқаддам, аниқтараш -11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромад, ки он барои рушди минбаъдаи матбуоти тоҷик дар он шароити душвори таърихӣ заминаи устувор ва боэътимод гузошт. То ҷое мусаллам аст, дар ҷомеаи мутамаддин васоити ахбори омма /ВАО/ ба ҳайси ҳокимияти чаҳорум эътироф гардидааст. Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ВАО, хусусан матбуоти муосир ҳамчун унсури муҳими фазои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар арзёбӣ мегардад. Дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, интишор ва паҳн намудани иттилоот кафолат дода шудааст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби дастрасӣ ба иттилоот, интишор ва паҳн кардани иттилоотро кафолат медиҳад, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ, Кодекси ҷиноӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Дар бораи реклама», « Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» иборат мебошад.
Дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифода бурдан аз ВАО кафолат дода шудааст. Ин меъёри ҳуқуқи конститутсионӣ дар моддаҳои 2, 5, 22 ва 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», дар моддаи 20 и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», дар моддаҳои 4, 8 ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» низ инъикос ёфтааст. Дар қонунҳои мазкур тартиби пешниҳоди дархост оид ба иттилоот, тартиби додани иттилоот, ҳуқуқи журналист ба дастрас намудан ва интишори ахбор, тартиби шикоят намудан дар мавриди аз тарафи шахси мансабдор рад кардани иттилоот пешбинӣ шудааст.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон замина ва фазои мусоид барои рушди матбуоти даврӣ, бахусус барои фаъолияти расонаҳои мустақил фароҳам омад.
Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла 363 рӯзнома, ки аз он 106 адад давлатӣ ва 257 адад ҷамъиятию мустақил, 236 маҷалла- 109 давлатӣ, 127 ҷамъиятию мустақил, 70 нашриёт -9 адад расмӣ ва 61-то мустақил, 303 матбаа -36 расмӣ, 267 мустақил, 44 нуқтаи фурўши китоб ва дигар маводи чопӣ -3 давлатӣ ва 41 мустақил сабти ном шудаю фаъолият доранд.
Ҳамзамон фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 10 шабакаи телевизиони давлатӣ, 10 шабакаи радиои давлатӣ, 16 телевизионӣ маҳаллӣ, 7 радиои хусусӣ, 1 хабаргузории давлатӣ ва 10 хабаргузории мустақил бо фаъолияти шабонарӯзии худ пур мекунанд, ки ин шаҳодатест аз озодии баён ва вазъи мусоиди фаъолияти ВАО дар кишвар. Дар арафаи иди касбии матбуот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ се иншооти муҳими ВАО Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд, ки он аз рушди ВАО ва озодии сухан дар кишвар ба ҳайси омили устувори сиёсати давлат шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи матбуот аз соли 1994 таҷлил мешавад.

Марзия Саидзода,
хабарнигори «Ховар»

Март 11, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд