Мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа
Душанбе, 9.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода модарону бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуда, иброз дошт, ки дар рӯзҳои нахустини фасли баҳори нозанин таҷлил гаштани Рӯзи модар фоли нек буда, модар ва баҳор муродифи ҳамдигар ва сабаби сарсабзии зиндагии ҳар яки мост. Ашурбой Солеҳзода афзуд, ки дар донишкада 80 омӯзгор аз ҳисоби занҳо фаъолият мебаранд, ки аз инҳо 4 нафарашон доктори илм ва 14 нафар номзади илм мебошанд. Шумораи умумии донишҷӯдухтарон беш аз 1 ҳазору 300 нафар буда, 40 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.
Дар ҷамъомад дар мавзӯи «Мавқеъ ва манзалати зан дар ҷомеа» маърӯза шунида шуд. Аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Раёсати донишкада ба устодону кормандон — бонувони фаъол ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Ҳамчунин озмуни «Қироати шеър», ки ба муносибати Рӯзи модар доир шуд, ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва ба онҳо дипломҳо супорида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






