Маъвои ганҷ
(Тақриз ба китоби «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ»)
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Эҷодкор метавонад дар шаклҳои гуногун нисбат ба ин ё он ҳаводис, шахсони шинохта, мавзӯи рӯз ва орзую омоле, ки дар дил дорад, андеша ронда, нигоштаҳои хешро манзури ҳаводорон гардонад, ба ин васила ҳиссиёти волои хешро баён созад, саҳми хешро дар рушду такомули ҷомеа гузорад ва ҳамзамон қарзи инсонии худро адо намояд. Ин кор аз эҷодкор тақозои сабру таҳаммул, пажӯҳишу омӯзиш, коркарду натиҷагирӣ, андешаву хулосаи пурмаонии мусбатро бо инобати талаботи ҷомеа, ки дар асл кори саҳл нест, тақозо мекунад. Ҳамоҳангии ин хислатҳо дар назар осон намояд ҳам, вале иддаи каме аз афроди ҷомеа заҳмати беандоза сангини эҷодкорро дарк менамоянд ва бахусус агар он эҷоди феҳристу феҳристнигорӣ бошад. Аксари кулли ҷомеа аз фаъолияти пурзаҳмати онҳо бехабаранд ва ҳатто шахсиятҳое, ки ба дараҷаҳои баланди илму маърифат расидаанду дараҷаҳои докториву академикиро соҳибанд ва анқариб дар тамоми фаъолияти эҷодиашон бо феҳрист ва намудҳои гуногуни он ҳамарӯза сарукор доранд ба фаҳмиши маъниву муҳтавои он даст наёфтаанд. Аз ин рӯ, барои фаҳмиши заҳмати феҳристнигор мебояд барои донишҷӯёну унвонҷӯён ва муҳаққиқон, пеш аз ҳама, таълими феҳрист бояд дод, то ин ки пажӯҳишу омӯзиши онҳо осон ва интихобу ҷобаҷогузории далелҳо содатар гардад.Ин дар навбати худ рисолаҳоро пурмазмун карда, истифода аз иқтибосу истинод ва далелу бурҳонҳои илман асоснок ҳусну қубҳи асарҳои эҷоднамудаи онҳоро садчанд боло мебарад.
Асаре, ки мо онро имрӯз мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳем, эҷоди заҳмати беандоза бузурги китобшиноси маъруфи тоҷик Шариф Комилзода мебошад. Ӯ тавонистааст, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ дар мавзӯъҳои замонавӣ осори библиографии гаронқадр офарад. Дар қатори аввалинҳо ду шоҳкории эҷоднамудаи ин устоди феҳристнигорро метавон ҷой дод, ки яке бахшида ба мавзӯи Наврӯз (Наврӯз: Китобнома (2012, 330 с.); Наврӯзнома: Феҳристи адабиёт (2015, 174 с.) ва дигаре бахшида ба шарҳи ҳоли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвонҳои «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ», (2013, 656 с.) ва «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» (2016, 224 с.) мебошад. Заҳматҳои устод дар таҳия ва эҷоди китобномаҳои шарҳиҳолӣ ниҳоят хотирмон ва арзандаи тавсиф аст. Ӯ тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар бахшида ба олимону орифони илму фарҳанг феҳристҳои шарҳиҳолии зиёде офарида, таҷрибаю малакаи хешро сайқал дода, сипас ба эҷоди китобномаи шарҳиҳолии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даст задааст. Афроде, ки бо феҳристи «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ», (2013, 656 с.) ошноӣ пайдо кардаанд, аллакай аз тарафи эшон арзёбӣ ва мақому манзалати онро барои хеш кафш намуда, аз он баҳраи фаровоне бурдаанд. Феҳрасти дувум ба яке аз ҷараёнҳои муҳимми инъикосгари симои сиёсиву ҳаётии фарзанди баруманди халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ бахшида шуда, тамоми маводи инъикосёфта аз ҷониби устод Шариф Комилзода якояк аз назар гузаронида, бо мазмуну муҳтавои он аз наздикошно гашта, мавриди омӯзишу таҳлил, коркарду интихоб қарор дода, дар қисматҳои Назм, Наср, Инъикоси осори Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба ӯ дар китобномаҳо моҳирона ҷойгир намудаанд.
Тавре дар пешгуфтори китобнома ишора гардидааст, он аз 3 қисм ва 6 рукни таркибӣ иборат аст. Китобномаи мазкур бо дастгоҳи илмӣ-ёрирасон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки он дар намуди «Пешгуфтор», ки он ба қалами таҳиягар Ш. Комилзода тааллуқ дорад, муқаддимаи муфассал зери унвони «Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик», ки аз ҷониби академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода навишта шудааст ва кумакфеҳристҳои алифбоӣ ва ашхос иборат мебошад, ки ҳар яки он дар асари мазкур моҳияти бузурги илмиву пажӯҳиширо доро мебошад.
Дар пешгуфтор мухтасаран оид ба мавзӯъ ва муҳтавои китобнома, мақолаи муқаддимавӣ, мазмуни мухтасари қисматҳои китобнома, шаклҳои нашр, кумакфеҳристҳо, истифодаи стандарти библиографӣ, ҷобаҷогузории адабиёт дар дохили фаслу зерфаслҳо, мундариҷа, инчунин дар радифи тасвири библиографӣ дода шудани тақризҳо, доираи дарбаргирии мавод (1994 2015), сарчашмаҳои истифодашудаи нашрияҳои библиографӣ, монеаҳои ба бойгониҳои бузурги ҷумҳурӣ ворид нагардидани маводи чопӣ, дар феҳрастҳои ҷориву тарҷеии ватанӣ инъикос нагардидани китобу матбуоти даврӣ ва ғайраҳо ишора шудааст. Дар дохили фаслҳо мавод аксаран бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ инъикос ёфта, дар қисмати дуюм адабиёт бо забонҳои беларусӣ (саҳ. 128) ва туркманӣ (саҳ. 129) илова шудаанд. Ҷобаҷонамоии мавод дар дохили фаслҳою зерфаслҳо ба тарзи алифбоӣ ва хронологӣ дода шудаанд, ки он ҷустуҷӯи сарчашмаи заруриро осон менамояд. Дар охири пешгуфтор гурӯҳҳои хонандагони китобнома мухтасаран ишора гардидаанд.
Дар муқаддимаи «Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик» Абдуҷаббор Раҳмонзода тавонистааст симои Пешвои миллатро дар ваҳдатофариву сулҳу суботи ватани азизамон ва шукуфоии он васф намуда, саҳми ӯро дар ободу зебо гардонидани кишвари соҳибистиқлоламон нишон диҳад. Пешвои миллат бо ҷоннисориҳои хеш тавонистааст маҳбуби дилу дидаи тоҷикон ва дар байни мардум ба унвони ифтихории Президенти мардумиро соҳиб ва дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю эътибори бузург пайдо намуда, дар қатори дигар сиёсатмадорони ҷаҳон сазовори унвони Пешвои асри XXI гардад. Сипас муаллиф ба таҳлили симои Пешвои миллат дар адабиёти бадеӣ мепардозад ва арҷгузориву эҳтироми халқро нисбат ба Президенти кишвар аз эҷодиёти халқ ва аз забони шоирону нависандагон ва муҳаққиқону публистистони тоҷик намунаҳои барҷаста манзур менамояд. Исми бархе аз эҷодкорону шоирон, нависандагону рӯзноманигоронро ба қалам оварда, равия, жанр ва мавзӯоти эҷодиёти онҳоро чун муҳаққиқи ҳирфаӣ мавриди таҳлил қарор медиҳад ва саҳми ҳар яки онро дар ин ҷода зикр менамояд.
Таҳлили мӯшикофонаи шеъри «Сулҳи деринтизори мо омад»- и устод Лоиқ Шералӣ ва «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-и Ашур Сафар аз ҷониби А. Раҳмонзода моҳирона, олимона, мушаххас ва бо забони содаю фаҳмо сурат мегирад, ки ин худ туҳфаи хубест ба тамоми хонандагону муҳаққиқони ҳаёту шарҳи ҳоли Сарвари давлат. Малака ва маҳорати волои илмиву касбии А. Раҳмонзода имкон додааст, ки дар муқаддимаи мазкур доираи бузурги эҷодиёти меҳрофарини адибони тоҷикро таҳлил намояд ва муҳтавои фишурдаи онро ба хонандаи хушзавқ манзур гардонад.
Муқаддимаи мазкур хислатҳои волои илмии академикиро доро буда, омӯзишу таҳлил, хулосаву натиҷагириҳои муаллиф ба хонанда ҷаҳони наверо мекушояд ва симои Пешвои миллатро ҳамчун шахси одиву заминӣ, фидокори халқу кишвар, арҷгузор ба заҳмату ҷоннисории ниёгони пурифтихор, саҳмгузорӣ дар эҳёи суннатҳову анъанаҳои аҷдодӣ, таъминнамояндаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, равшанкунандаи роҳи фардои миллат ва таҷассумгари орзуву омоли тоҷикони муқимиву бурунмарзӣ таҷассум менамояд.
Хотирнишон бояд намуд, ки китобномаи мазкур аз саҳеҳтарин ва аз лиҳози библиографӣ мушаххастарин феҳрист бахшида ба инъикоси симои Пешвои миллат дар адабиёти бадеӣ маҳсуб шуда, то ба имрӯз назири худро дар библиографияи тоҷик надорад. Ва он ҳамчун манбаи мукаммалу муҷаҳҳази библиографӣ метавонад дар фаъолияти илмии олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, унвонҷӯён, донишҷӯёну оммаи васеи хонандагоне, ки аз ҳаёту фаъолияти Пешвои миллат мехоҳанд баҳравар бошанд, хизмати содиқона хоҳад намуд. Азбаски ин китобнома бори нахуст барои хонандаи тоҷик манзур мешавад, устод аз ин лиҳоз бештар ба сарчашмаҳои ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ додааст ва дар он барои хонандаи тоҷик маводи зарурӣ ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ пурра фаро гирифта шудааст ва ба ақидаи ин ҷониб арзиши китобнома дар ҷомеа хеле ҳам бузург аст. Хотирнишон бояд сохт, ки таҳия ва манзур гардонидани чунин як китобнома заҳмати беандоза бузургро талаб менамояд ва бовар дорам, ки ин иқдоми ҷолиб ва муҳим идомаи мантиқии хешро пайдо намуда, олимону унвонҷӯён ва мутахассисону китобдорони мо аз он баҳравар гашта, фаъолияти илмию амалии хешро дар ин самт пурмаҳсултар хоҳанд намуд.
Ба таҳиягарон ва хонандагони ин китобнома муваффақиятҳои беназир орзумандем.
Қурбоналӣ Буриев
номзади илмҳои таърих