Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Халдун Халифа Ал-Муборак
Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборакро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷарёни мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Аморот ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар баррасӣ гардид.
“Мо стратегияи дарозмуддати рушди миллиро ба неруи мутахассисони соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва мусоидати муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳия ва қабул намудем” таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо боварӣ иброз намуд, ки иштироки фаъоли ширкатҳои Аморот дар татбиқи ин барнома ҷавобгӯи ҳадафҳои муштарак хоҳад буд.
Инчунин таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 400 барномаи гуногуни инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ таҳия гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳо бо имконияту афзалиятҳои мусоид мавҷуд аст.
“Мо ҳавасманди ҳамкории шарикии дарозмуддат ба манфиати ҷонибҳо ҳастем”, таъкид намуд дар навбати худ Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборак ва илова кард, ки ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии Вазири иқтисоди Аморот барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад. Баъди шиносоӣ имкон пайдо мегардад, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб барномаи махсус таҳия ва татбиқ карда шавад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои ояндадор, аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот инчунин вобаста ба дигар мавзуъҳои барои тарафҳо манфиатбахш гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






