Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Абу Забӣ Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён
Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб сурат гирифт.
Дар оғози мулоқот Валиаҳди Абу Забӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ташрифи расмӣ ба Аморот хайрамақдам гуфт.
“Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар маҷмӯъ мо аз ҳолати имрӯзаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем” — таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки санадҳои нави ҳамкории зимни ин сафар имзошаванда дар соҳаҳои сиёсию амният, маориф, варзиш ва саёҳат заминаи ҳуқуқии муносиботи моро мукаммал мегардонанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди силсилаи иншооти гуногунҳаҷми гидроэнергетикӣ, такмили инфрасохтори нақлиёт бо сохтмони роҳҳои хушкигард, пулҳо, туннелҳо ва рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот инчунин доир ба густариши равобити илмию фарҳангӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоливу тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, гуфтугӯй сурат гирифт.













Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






