Мулоқоти кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо шоҳзодаи Саудӣ
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 9 марти соли 2016 мулоқоти кордори сафорат Саидҷон Шафиев бо муовини раиси Кумитаи сармоягузории Мамлакати Арабистони Саудӣ ва раиси Маркази миллии рақобатпазирӣ шоҳзода Сауд ибни Холид ал-Файсал дар бинои кумитаи мазкур доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, ҷониби Тоҷикистон аз ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ ёдовар шуд.
Намояндаи Тоҷикистон дар хусуси баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки ҷониби Саудӣ доир гардидани онро дар нимсолаи аввали соли 2016 пешниҳод намуда буд, изҳори назар намуд.
Намояндаи сафорат аз шароит ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда, пешниҳод намуд, ки байни ду кишвар Ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, омода гардад, ки он барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ заминаи устуворро фароҳам хоҳад овард.
Шоҳзода Сауд ибни Холид ал-Файсал ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






