Мулоқоти ректори ДМТ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Хуҷанд
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Муҳаммадюсуф Имомзода зимни суханронӣ аз иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, перомуни фаъолияти бонуфузтарин мактаби олии кишвар- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Донишгоҳ дорои 18 факултет, 114 кафедра, институти илмию тадқиқотӣ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, 112 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 ҳуҷраи лингафонӣ, 10 маркази хизматрасонии таълимӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.
Хатмкунандагон ба ректори донишгоҳ саволҳои хешро перомуни вазъи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ, ҳолати хобгоҳҳо, муайян намудани холи гузариш, таҳсил бо забони русӣ ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ироа намуда, посухҳои муфассал гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






