Наврӯзи Аҷам-муждарасони шукуфоӣ ва ҳамдилӣ
Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз баъди дамидани субҳ Корвони муждаи наврӯзӣ бо созу навоҳои дилнишин ва шодию хурсандӣ аз чор гӯшаи пойтахт ба макони баргузории чорабинии наврӯзӣ ба самти Наврӯзгоҳ равона гардид. Дамидани субҳу расидани мужда аз соли нави аҷдодиро сокинони пойтахт бо садои карнаю сурнай, базму хушҳолӣ ва намоишу иҷрои ойинҳои Наврӯзи Аҷам истиқбол гирифтанд.
Корвониён таронаҳои дилнишин ва шеъру сурудро дар васфи Наврӯзу баҳор замзамакунон ба мардуми пойтахти кишвар аз фарорасии Наврӯзи хуҷастапай мужда мерасониданд. Маликаҳои зебои баҳорӣ фойтунсавор аз чор ноҳияи пойтахт чун муждарасони наврӯз аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузар карда, ҳамагонро аз омадани Наврӯз хабар мекарданд. Гулдухтарони зебо либоси атласу чакан ба бар карда, омадани Наврӯзи оламафрӯзро барои сокинони шаҳри дилоро шодбош мегуфтанд.
Суруду таронаҳое, ки аз ҷониби ин корвон сароида мешуданд, пурра дар васфи фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай буданд. Сокинони пойтахт ин санаи фархундаро ба якдигар шодбош гуфта, аз зиндагии хушҳолона, шукуфоӣ ва пойдории ваҳдат фараҳмандӣ менамуданд.
Сокинони Душанбешаҳр шоду хурсанд ва бо иттифоқ Наврӯзи оламафрӯзро пешвоз гирифта, ҳамагонро бо омадани Наврӯз табрик менамуданд.
























ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






