Омодагӣ ба рӯзҳои фарҳанги Суғду Хатлон дар Бадахшон
Хоруғ, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекова дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз омодагии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттило дода, баён дошт,ки сокинони вилоят аз пешниҳоди Пешвои миллат оид ба доир кардани ҷашни Вахдати миллӣ дар Бадахшон бо як дилгармӣ ва самимияти хосса истиқбол гирифтанд ва ҳоло ба ин чорабинии муҳими сиёсиву фарҳангӣ омодагии комил мебинанд. То рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузории 20 барномаи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ дар назар аст. Дар маҳфилҳо тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар бо шумули шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, кишоварзону соҳибкорон ва аҳли ҳунар ширкат хоҳанд кард. Ин чорабиниҳо аз аввали моҳи апрел оғоз мешаванд. Дар доираи ҳамин барнома як гурӯҳи намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон имрӯзҳо бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят мулоқоту суҳбатҳо доранд. Баъди ин гурӯҳи 100 нафараи ҷавонони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ аз шаҳру навоҳии вилоят дидан намуда, бо ҳаёту фаъолияти ҳамсолони бадахшонии худ аз наздик ошно мегарданд. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят яке аз дигар чорабиниҳои хотирмон ва ҷолиб ин рӯзҳои фарҳангии ҳунармандони Суғду Хатлон дар дар Бадахшон ба шумор меравад. Ҳадафи ҳамаи ин боздидҳо боз ҳам муттаҳид кардани мардуми тоҷик аст.
Мардуми мо ба ин маънӣ як масали хуб доранд,ки меҳр дар чашм аст. Аз дидору суҳбатҳои рӯ ба рӯ ҳамбастагию иттиҳод қавӣ мегардад ва аз иттиҳод миллат пирӯзӣ ба даст меорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






