Он нафаре, ки сазовори тахти Ҷамшед аст, Президенти Тоҷикистон аст

Март 25, 2016 15:55

(Назари як ҷавони кувайтӣ нисбат ба ҷашни Наврӯз)

Душанбе, 25.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Муҳаммад Надим Ар-Раҳимӣ, як ҷавони кувайтӣ пас аз тамошои барномаҳои наврӯзии телевизионҳои Тоҷикистон тавассути моҳвора гуфтааст: агар як бор ба замони таърих баргардем ва кишварҳои ориёиро ба ҳам ҷамъ оварем, пас он нафаре, ки сазовори тахти Ҷамшед аст, он бояд Президанти Тоҷикистон бошад.
Инак андешаҳои Муҳаммад Надим Ар-Раҳимӣ:
Ман ҳамчун як ҷавони кувайтӣ аз барномаҳои фарҳангии наврӯзии Тоҷикистон ростӣ шигифтзадаам. Ман бештар дар хусуси Наврӯз ё бо камоли маъзарат Нируз гоҳу ногоҳ аз расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ мешунидам ва соли гузашта тавассути як расонаи хабарӣ дида будам, ки Барак Обама мардумро ба муносибати Наврӯз табрик гуфт ва аз он сол то кунун ин ҷашнро пайгирӣ мекардам. Пас аз гузашти як сол ва бо ин барнома, ки фарҳангиёни тоҷикистонӣ тақдими мо карданд, акнун аз асрори ин барномаи фарҳангӣ огоҳ шудам. Мо қаблан ин ҷашнро ҳамчун ҷашнҳои бо дин носозгор ва мутазод мепиндоштем, вале он чи ман мушоҳида кардам, тамоман аз он чи ки дар зеҳн доштам, фарқ дорад.
Вақте мо аз расидани соли нави мардуми форсизабон бохабар гаштем, ба ҷустуҷӯи моҳвораҳои ин кишварҳо пардохтем, то кадом давлат ва дар кадом сатҳ ин идро ҷашн мегирад. Пас аз кофтуков ва пайдо кардани расонаҳо пай бурдем, ки ин ҷашнро дар аксари кишварҳо барпо менамудаанд, мисли Афғонистону Эрон, Ироқу Туркия, Мисру Ҳинд ва ғайраҳо, вале як чизро бояд қайд намоям, ки мо тавассути интернет моҳвораи Тоҷикистонро пайдо карда тамошо кардем ва аллакай як-ду рӯз пеш аз ҷашни ин ид расонаҳои хабарии Тоҷикистон, мисли оҷонсиҳои хабарӣ ва шабакаҳои телевизионӣ дар бораи он мавод пахш мекарданд. Пас мо фаҳмидем, ки ин ҷашнро дар Тоҷикистон ба шеваи дигар барпо менамоянд ва тахминзаниҳои мо низ дуруст баромад.
Тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мо дидем, ки мардуми Тоҷикистон чӣ гуна барои тамошои ин ҷашн ба маркази ин ҷашнвора меомаданд. Ва як макони боҳашамат ҳам бо номи Наврӯзгоҳ бунёд кардаанд, ки аз чор тараф мардум бо дафу (доира) суру сурур ба он ҷо ҷамъ мешуданд. Хулоса тамоман як фазои аҷибу ғарибро мемонад. Боварам намеояд, ки дар як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ на он қадар ғанӣ (манзури ман, албатта, нафту газу ба монанди кишварҳои халиҷӣ мебошад), мардумаш бо чунин сатҳ ин идро ҷашн гиранд. Баъдан иттилоъ ёфтам, ки ин ҷашнвора бо ташаббуси Тоҷикистон, бахусус Президенти он ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи ин ид мақоми байналмилалиро гирифтааст ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва ҷаҳонӣ гаштааст. Вале як чизро гуфтаниям, ки барои ҷаҳонӣ шудани ин ҷашн ба фикри банда аз сатҳи баланди барпо намудани он ҳувайдо аст, ки Тоҷикистон саҳми бештар дорад.
Кариб чанд рӯз ин ҷашнро пайгирӣ мекардам, ҳамеша Президенти Тоҷикистонро дар ин ҷашнвораҳо медидам, пас фикри ман ин аст, ки ватани Наврӯз дар ҳақиқат Тоҷикистон аст, зеро роҳбари давлати тоҷикон аз дигар сарони кишварҳо барои барпо намудани он ва иштирок дар он талоши бештар менамояд. Ва ин аст, ки тӯли ду рӯз мешавад ману бародарам ба тамошои барномаҳои тамринии фарҳангиёни Тоҷикистон ба ин театр меомадем ва ниҳоят имшаб барпо гардид.
Мардуми араб дар хусуси Наврӯз маълумоти амиқ надоранд, бахусус худи банда то ҳамин сол аз он на он қадар огоҳ будам, вале ин ҷо бояд гуфт, ки Наврӯз ба сари ҳар як давлате, ки худро меросбари он медонаду худро вориси таърихи ҳазорсолаҳо медонад, ҳақ дорад. Наход, ки дар ин чанд даҳсола ягон роҳбари кишваре пайдо нагашт, то ин идро барои ҷаҳониён бештар муаррифӣ кунад.
Дар расонаҳо ва таърихи навини арабӣ Наврӯзро на Наврӯз, балки нируз ифода менамоянд, вале тавре ки қаблан гуфтам, баъд аз пажуҳиш дар ин хусус тавассути интернет ба торихи ин ҷашн сар афкандам, дидам, ки дар ҳақиқат номи ин ҷашн Наврӯз, яъне рӯзи нав будааст. Ҳангоми ҷустуҷӯ дар интернет ба як шеър рӯ ба рӯ шудам, ки онро яке аз маъруфтарин шоирони араб Абунувос 1200 сол қабл сурудаву Наврӯз ном бурдааст, на Нируз. Фақат як чизро мехоҳам таъкид кунам, ки агар як бор ба замони таърих баргардем ва кишварҳои ориёиро бо ҳам ҷамъ оварем, пас он нафаре, ки бояд молики тахти Ҷамшед бошад, он Президенти Тоҷикистон бояд бошад, зеро ӯст, ки дунболи ин суннати аҷдодӣ мегардад, на ягон роҳбари дигари давлати ориётабор.

Март 25, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд