Пешгирӣ аз қочоқи 35 000 кг нурии маъданӣ дар шоҳроҳ
Душанбе, 28.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар шоҳроҳи Хуҷанд- Душанбе гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи 35 ҳазор килограмм нурии маъдании «Суперфосфат» пешгирӣ намуданд.
Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ин шоҳроҳ кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан»-ро барои гузаронидани санҷиши қонунияти воридоти мол нигоҳ доштанд. Ҳангоми назорат ва санҷиш маълум гардид, ки дар дохили контейнер ва ядаки нақлиёт 700 халта нурии минералии «Суперфосфат» дар ҳаҷми 35 ҳазор килограмм мавҷуд буда, он ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Э мутааллиқ будааст.
Шаҳрванд Г.Э доир ба моли интиқолдодааш ягон ҳуҷҷати воридотӣ ба кормандони гумрук пешниҳод карда натавонист. Нисбат ба ин қонунвайронкунӣ парвандаи маъмурӣ боз шуда, барои тафтиш ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ирсол гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






