Пешвои миллат: Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ- барпо намудани базмҳои шеър аст”
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шуҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър дар саросари олам гардидааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат иброз дошт.
“Фардо, ки бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад, бо истифода аз минбари ин ҳамоиш ҳамаи адибону шоирон, аз ҷумла онҳоеро, ки дар ин толор ҳузур доранд, ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо табъи саршор ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу менамоям”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон иброз дошт: “Воқеан, ба таъбири устод Рӯдакӣ “бо сад ҳазор накҳат омадани баҳори хуррам ва бо рангу бӯи аҷиб” ороиш ёфтани олам, пеш аз ҳама, эҳсоси шоирон ва аҳли эҷодро ба шӯр оварда, онҳоро водор месозад, ки аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои хонандаву шунавандагони худ берун андозанд.”
Дар васфи Наврӯз аз замонҳои қадим шеъру тарона, байту чакома, ривояту афсона ва масалу мақоли зиёд эҷод гардида, мақому манзалат ва арзишу аҳаммияти инсондӯстонаи ин ойини мардумӣ ба таври шоиста тавсиф шудааст.
Бо таъсири суннатҳои адабиёти гузашта дар шеъри муосир низ васфи Наврӯз ҷойгоҳи хосса пайдо карда, сифатҳои арзандатарини он дар осори шоирону адибон таҷассум гардидаанд ва шукӯҳу ҷалоли рамзҳои ҷовидонаи Наврӯз васф шудаанд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






