Путин ва Тсипрас аҳамияти оташбас дар Сурияро баррасӣ карданд
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Зимни суҳбати телефонии президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Юнон Алексис Тсипрас як зумра масъалаҳо, аз ҷумла буҳрони Сурия баррасӣ гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Федератсияи Русия хабар медиҳад.
«Ҳангоми баррасии масъалаҳои байналмилалӣ диққати махсус ба буҳрони Сурия бо назардошти зарурати риояи низоми оташбас дар ин кишвар зоҳир карда шуд», — иттилоъ медиҳад манбаъ.
Бино ба хабари хадамоти матбуоти президенти Русия, доир ба ин масъала В. Путин оташбасро омили асосии баэътидоловарии вазъ дар минтақа хонд. Оташбас барои беҳтаргардонии вазъи башардӯстона дар ҳудуди Сурия ва ҳалли муваффақонаи сиёсии низои ин кишвар зарур мебошад.
Тсипрас низ доир ба масъалаи буҳрони Сурия ибрози андеша кард. «Дар навбати худ, сарвазири Юнон ба иқдомҳои пешгирифта баҳои баланд дода, оид ба чораҳои андешидаи Иттиҳоди Аврупо вобаста ба раванди ҳалли мушкилоти гурезагон маълумот дод», — хабар медиҳад манбаъ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






