Раддияи ВКД ба хабари сомонаи «Радиои Озодӣ»
Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба хабари дар сомонаи «Радиои Озодӣ», оиди он, ки гӯё дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе як автомашинаи «Опел-Вектра» таркидааст, иттило медиҳад, ки ин хабар нодуруст буда, ягон автомашина натаркидааст.
Автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш 84-10 СА 01 ТҶ, ки ба ронанда Шарифов Баҳодур, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, бо сабабҳои риоя накардани бехатарии техникӣ, аз ҳисоби ноқилҳои барқӣ муҳаррики он оташ гирифта, боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Дар натиҷа автомашинаи мазкур зарари ночиз гирифта, ягон нафар осеб ва зарари ҷисмонӣ набардоштааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзноманигорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки носанҷида, сабабу ҳолати ҳодисаро муайян накарда, хабар пахш нанамоянд.








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






