Саёҳати наврӯзии рӯзноманигорон идома дорад
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон сафари наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷараён дорад.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони кишварро ба шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав бо мақсади ташкили маҳфилҳои бадеӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, шабнишинии ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ, муаррифии имкониятҳои туристӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва ба ин васила мусоидат намудан дар рушди туризми дохилӣ ва тарғиби Наврӯзи байналмиллалӣ роҳандозӣ кардааст.
Дирӯз рӯзноманигоронро роҳбарияти ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар маркази ноҳия пешвоз гирифтанд. Рӯзноманигорон аз мавзеъҳои таърихи ноҳияи Восеъ, аз ҷумла қалъаи Ҳулбук, муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихӣ- фарҳангии «Ҳулбук» ва аз бузургтарин кони намак «Хоҷа Мӯъмин» дидан намуданд.
Субҳи имрӯз корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорон ба шаҳри Кӯлоб сафарбар гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






