Шоҳҷоизаи гӯштини миллӣ — «Hyundai Sonata» соҳиби худро ёфт

Март 22, 2016 18:46

Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бахшида ба ҷашни  Наврўзи байналмилалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахти мамлакат бо ибтикори мақомоти шаҳри Душанбе ва дар ҳамкори бо Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар мусобиқаи гӯштини миллӣ доир шуд, ки дар он ҳудуди 50 нафар   паҳлавонони беҳтарини вилоятҳои  Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои  тобеъи  марказ  ширкат  варзиданд.  Дар ин навъи варзиши миллӣ варзишгарон дар вазнҳои аз 70 киллограм боло интихоб карда шуда, миёни ҳам  қувваозмоӣ нишон доданд. Ёдовар  мешавем, ки   дар ин   мусобиқаи варзишӣ   паҳлавонони     маъруфи  точик  Муҳаммадмурод  Абдураҳмонов, Неъматулло  Астонқулов,  Фурқат  Назриев, Шоҳрух   Амирхонов, Сайдҷамол Алимардонов ва даҳҳо тани дигар   маҳорати    худро  хело  хуб  нишон дода, бо иҷрои хусусиятҳои гуштини миллӣ, байни ҳам рақобат намуданд, то соҳиби Шоҳҷоиза гарданд. Бояд   зикр кард, ки дар  ин мусобиқаи  варзишӣ  Шоҳҷоиза  мошини сабукрави тамғаи  «Hyundai Sonata» гузошта шуда буд. Дар интиҳои мусобиқа паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки дар вазни 100 киллограм маҳорати касбии худро нишон дода,  соҳиби  Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ,  гардид.   Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳарифи худ аз ноҳияи Рӯдаки Неъматулло  Астонқуловро дар муддати 15 сония мағлуб кард  ва Шоҳҷоиза  мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Sonata»-ро аз худ намуд.  Бояд зикр кард, ки ин варзишгар моҳи октябри соли гузашта ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдоро ба даст оварда буд. Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки имрӯз ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ҳамчунин дигар паҳлавонон бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки  рӯзи 23 март дар Наврӯзгоҳи  пойтахт мусобиқаи варзишии  аспдавони (Пойга) баргузор  мегардад, ки  дар   ин мусобиқа ҳамчунин   ба    ғолибон  аспи  зоти  тоҷикӣ туҳфа  карда  мешавад.Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома доранд. Аз ҷумла санаи 26-уми март, боз як мусобиқаи дигар оид ба гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рашт дар  назар аст.

Март 22, 2016 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд