«Сигор»- и бидуни тамғаи аксиз ҷарима шуд
Душанбе, 15.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар анбори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Анушервон -2014» маҳсулоти тамокуи навъи «Сигор» бидуни тамғаи аксизӣ ошкор гардид.
Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи муоинаи гумрукӣ дар баробари дигар молҳо яқ қуттии картонии вазнаш 24 килограмм аз назар гузаронида шуд, ки дар дохили он 90 баста тамокуи навъи «Сигор» бо арзиши 2500 сомонӣ ошкор шуд. Аён гардид, ки маҳсулоти тамоку бо роҳи пинҳонӣ дар дохили дигар молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансур ҶДММ «Анушервон-2014» бо моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии қисми 5 моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима таъйин шуда, 1260 сомонӣ ба фоидаи давлат ситонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






