Соли равон 2350 довталаб ба ду донишгоҳи тиббӣ қабул мешаванд
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мужда дод.
Президенти кишвар дастур дод, ки имсол ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 400 нафар зиёд довталаб қабул карда шавад. Соли гузашта ДДТТ 1600 нафар довталаб қабул карда буд ва имсол бо изофаи 400 нафари дигар 2000 довталаб имкон доранд, ки ба ин донишгоҳ дохил шаванд. Ҳамчунин Муассисаи навтаъсиси давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» 350 довталабро дар соли аввали фаъолият қабул хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми имсола Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон бо табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шавад.
Ҳамин тавр бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» 25 феврали соли равон ба имзо расид.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






