“Сухани чопӣ ҳама вақт қимат дошт”, «Ба ҷуз модар касе…», «Тоҷик Темурланг нест…», “Шаҳлои бирешимӣ” — ин ва дигар мақолаҳои нашрияҳо

Март 10, 2016 14:25

Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). –Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи шанбе аз 5-уми марти соли равон аз ҷараёни ифтитоҳи маҷмааи тандурустии «Истиқлол» гузориши муфассал чоп карда суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро таҳти сарлавҳаи «Табибони мо бояд ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонанд» пешкаши хонандагон кардааст. Дар ин шумора саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» нашр шудааст. «Пешвои миллат: «Ба ҷуз модар касе аз дили фарзанд огоҳ нест!» таҳти ин сарлавҳа паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар саҳифаи аввали нашрияи «Ҷумҳурият» чоп шудааст: «Мо Модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем», — омадааст дар паёми мазкури Президенти мамлакат. Саҳифаҳои дигари нашрия ба Иди модарон бахшида шудааст. «Муъминобод, таъмири ҷорӣ буд набуд?», «Ваъдахилофӣ дар Ворух», «Беэҳтиромӣ ба асъори миллӣ беэҳтиромӣ ба миллат аст», «Сухане чанд дар ном ва номгузории тоҷикӣ» — ин мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилӣ дар шумораи имрӯзаи «Ҷумҳурият» пешкаши хонандагон шудаанд.

Рӯзи шанбе (5-уми марти соли равон) ду шумораи якҷояи нашрияи парлумонии «Садои мардум» чоп шудааст, ки аз ҷараёни ифтитоҳи маҷмааи тандурустии «Истиқлол» гузориш ва суханронии Пешвои миллатро таҳти сарлавҳаи «Табиб ҳаргиз ҳуқуқи хато кардан надорад» нашр намудааст. Дар ин шумораҳои нашрия аз ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо номи «Қонунҳо ҷонибдорӣ ёфта, номи як қатор шаҳру ноҳияҳо тағйир дода шуд» гузориши пурра бо суханронии вакилони мардумӣ пешкаши хонандагон шудааст. «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорист» — бо чунин сарлавҳа паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар шумораи рӯзи сешанбеи «Садои мардум» аз 8-уми марти соли равон чоп шудааст. Саҳифаҳои дохилии нашрия ба Иди модарон бахшида шудаанд.

Нашрияи «Народная газета» мақолаҳои ҷолибро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ чоп карда, инчунин маводи «Шаҳлои бирешимӣ», «Ҳиндустону Покистон – имкони аъзо шудан ба СҲШ», «Миршакар Мирсаид дар Вахш ҳам нақши худро гузоштааст» ва навигариҳои кишварҳои ҳамсояро пешкаши хонандагони худ кардааст.

 Ҳафтаномаи ӯзбекзабони «Халқ овози», ки нашри навбатии он ба Рӯзи матбуот рост омадааст, бо хабару гузоришҳои расмӣ пешкаши хонандагон шудааст. Дар саҳифаи аввал суҳбати хабарнигори ҳафтанома бо собиқадорон ва қаламкашони варзидаи кишвар нашр шудааст, ки дар он устодони соҳа андешаҳои худро оид ба бурду бохти матбуоти тоҷик баён намудаанд. Дар шумораи мазкур мусоҳибаи Г.Аюпова бо сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувон» Ш.Одиназода таҳти номи «Рӯзнома – озуқаест маънавӣ…» нашр шудааст. Андешаҳои доктори улуми фалсафа Н.Асадзода таҳти сарлавҳаи «Пойдории миллат аз рушди маънавият ва мафкураи миллист» дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов  «Идеология ва манфиати миллӣ» навишта шуда, маводи танқидии А. Мирзоаҳмедов бо сарлавҳаи «Мақомоти ҳифзу ҳуқуқ ё бозори чайқов» ба таваҷҷуҳи раиси суд ва роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав равона шудааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мақолаҳои «Ҷаҳони муосир аз нигоҳи ҷавонон», «Конститутсия – омили муҳими рушди ҷомеа», «Хат ғалат, имло ғалат…», Воситаҳои ахбори омма дар дарс», «Дар байни замину осмон», «Интихоби касб ҷиддият мехоҳад»— ро пешкаши мухлисон кардааст.

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ва ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз силсиламақолаҳои ҷолибро нашр карда, дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои Ҳақназар Ғоиб ва дар саҳифаи наср ҳикояи Карим Давлат «Носфурӯш», дар саҳифаи “Чеҳра” навиштаи адабиётшинос Алӣ Муҳаммади Хуросониро таҳти номи «Тоҷикшинос ва тарғиби адабиёти тоҷик дар Чехия» ба мухлисони худ пешкаш кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо саволи “Оё матолиби матбуоти даврии имрӯза талаботи шуморо қонеъ мегардонад? муроҷиат намуда, ҷавоби мусоҳибонро таҳти сарлавҳаи “Матбуот минбари муқаддас аст” пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин мақолаҳои “Хомаи мо ифтихори мост”, “Наврӯзи куҳан аз лангари турнаи муҳоҷир поин омад” ва мусоҳиба бо дотсент А.Қутбиддинов “Сухани чопӣ ҳама вақт қимат дошт” ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида шудаанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» андешаҳоижурналист И.Идизодаро оид ба қатли кӯдаки чорсола аз тарафи Г.Бобоқулова таҳти сарлавҳаи “Тоҷик Темурланг нест, тоҷик Бӯалӣ Синост!” нашр карда, маводи ҷолиб оид ба фаъолияти осоишгоҳи “Баҳористон”-ро бо номи “Мактаби Пешвои миллат соҳили Баҳри тоҷикро ба баҳористон мубаддал сохт” пешкаши хонандагон кардааст. Назарпурсии ҳафтанома бо саволи “Чӣ ҳол дорӣ матбуот?” ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида шудааст. Дар ин шумораи “Тоҷикистон” мусоҳибаи Усмон Раҳимзода бо директори АМИТ “Ховар” Заробиддин Қосимӣ дар доираи ҷаласаи навбатии ХХI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 15-16-уми марти соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, бо сарлавҳаи “Ҷудоиандозӣ бар манфиат нест” нашр шудааст.

СССР – нашрияи оҷонсии иттилоотии “Хатлон-Пресс” андешаҳои шоири шинохтаи тоҷик Камол Насруллоро таҳти сарлавҳаи “Баҳои талхи Меркелро фурӯ мебарем: дуруст гуфтааст!!!” нашр карда, мушоҳидаҳои журналист Мину Аминзодаро аз вазъияти ғайрисанитарӣ, ифлосӣ ва хизматрасонии сатҳи паст дар тарабхонаи “Яккачинор” пешкаши хонандагон намудааст. Вобаста ба Рӯзи матбуоти тоҷик андешаҳои инфиродии сармуҳаррир Сайёфи Мизроб чоп шуда, ки зимни он муаллиф пурсидааст: “Вазорати маориф бо садҳо донишгоҳаш метавонад рапорт диҳад, ки дар тӯли 25 сол ақаллан 1 журналисте тарбия кардааст, ки бо забони англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ ё ҳадди аққал русӣ мақолае навишта тавонад, ки ба тамоми меъёрҳои журналистикаи байналмилалӣ посухгӯ бошад?”.

Нашрияи русзабони “AsiaPlus” дар шумораи рӯзи душанбе (7-уми марти соли равон) мақолаи “Миллионҳо дар ароба”-ро бознашр кардааст. Мақолаи мазкур ба ахлоқи ҳамида ва тарбияи волои муҳоҷири меҳнатии тоҷик Шерзод Насруллоев, ки дар давоми фаъолияти кории худ чандин маротиба ҳамёнҳои ёфтшударо бо маблағҳои азими пулӣ ба соҳибонашон баргардонидааст, бахшида шудааст. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи “Қотил дин ва миллат надорад” нашр шудааст.

Ҳафтаномаи “Фараж” бо номи “Кӯлоб: муҳит бӯйноку заҳролуд мешавад!!!”  фоторепортажи журналист Саиди Ҳайдарро чоп карда, мақолаи “Ҳаёти инсонӣ бе рӯзнома ваҳшигӣ мебуд”-ро пешкаши мухлисонаш  намудааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳои «Ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат», «Даҳ иқдоми созандаи Пешвои миллат», «Зиндагии орӣ аз муҳаббат беранг аст»-ро пешниҳоди хонандагон кардааст.

 

 

 

Март 10, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд