Таъйини муовини Сарвазир, вазири кишоварзӣ ва роҳбарони нав дар чандин мақомоти давлатӣ
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Иззатуло аз ин вазифа озод ва ба вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд, Ятимзода Акбар Табар аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод карда шуд. Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифааш озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд ва Шарифзода Шариф Файз аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озода гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъйин гардид.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъйин карда шуд. Инчунин бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва Файзуллозода Қурбоналӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд






