Талаби пора аз модари даъватшаванда

Март 15, 2016 11:51

Душанбе,15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 13 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷ.Расулов, сокини 35-солаи ҳамин ноҳия бо гумони талаб намудани пора аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Гумонбаршуда барои надодани даъватнома дар доираи даъват ва минбаъд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод намудани даъватшаванда, сокини 22-солаи ноҳияи мазкур, ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дорад, тавассути посбони комиссариат, сокини 35-солаи ноҳия, аз модари даъватшаванда, сокини 50-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов 3 ҳазор сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 15, 2016 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст