Ташаккули ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор
Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории коршиносон оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовари ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дорои салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, оғоз гардид.
Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Русия, инчунин Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок карда, ворид намудани тағйирот ба ҳайати гурӯҳи корӣ, ташаккули ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро муҳокима намуданд. Инчунин нисбат ба лоиҳаи Консепсияи созмон додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ, лоиҳаи Стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои СҲШ барои солҳои 2017-2022 ибрози ақида намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






