Тоҷикистон-дорои дастгоҳҳои табобатии нодиртарину камназир дар Осиёи Марказӣ
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт.
Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дорои 38 бинои аз 1 то 9 — ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё шудааст.
Дар ин маркази тандурустӣ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дастгоҳҳои нодиртарин насб шудаанд, ки дар Осиёи Марказӣ камназиранд.
Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, бартарияти ин дастгоҳҳо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб мешавад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд.


















МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст






